Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»-ро санаи 23 апрели соли 2021 дар боғи «Ғалаба»-и ноҳия дар сатҳи баланд баргузор намуд.
Дар Фестивали мазкур беш 150 нафар довталабон аз 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муасиссаҳои таълимӣ, ва коллеҷхои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, аз руи 6 номинатсияи фестивали «Сад ранги чакан» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва «либосҳои қадимаи чакан», «намоиши либоси кӯдакона», «намоиши либоси рӯзмарра», «либоси маросимӣ ва идона» ва «либосхои расмӣ» пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.
Баргузории даври ноҳиявии фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандӯзӣ) яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он эҳтиром гузоштан ба либоси милли, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ ва ба ин васила муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
ОБОД ВА ТОЗА НИГОҲ ДОШТАНИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ
28.12.2021 00:09
САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
28.12.2021 00:08
Баргузории даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»
28.12.2021 00:07
НИГОҲДОРИИ ОИЛА ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ МАРОМИ МОСТ!
28.12.2021 00:06
Табрикоти Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло ба муносибати иди Сада
28.12.2021 00:05